Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбe


Бақайдгирӣ ба Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе Бақайдгирӣ ба "Омӯзгори муосир"

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
МД " МД "МАРКАЗИ ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТИИ НАЗДИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ Ш. ДУШАНБЕ"
Ҳамасола бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии "Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе" ва Муассисаи давлатии "Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе" бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврас ва дорои тафаккури техникӣ, дастгирии фаъолияти навовариву ихтироъкории онҳо "Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе" баргузор мегардад. Дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” бо иштироки наврасону ҷавонон доир ба илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ тавассути низоми фосилавӣ баргузор мегардад.

Дарси маҳорат

Дарси маҳорат (Мастер класс, тренинг) оид ба барномасозӣ, моделсозӣ ва паркҳои технологӣ ин дарси кутоҳмуддате мебошад, ки дар дар он муаллиф оид ба ғояҳо, технологияҳо ва усулҳо, ки дар сохтани ин ва ё он модел, барнома муваффақ шудааст, нақл мекунад. Дар раванди дарси маҳорат ӯ мегӯяд - шумо гӯш медиҳед.

Ҷамъияти илмии хонандагон

Ҷамъияти илмӣ - эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе – иттиҳодияи ихтиёрии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аст, ки бо мақсади фаъолгардонии ташвиқи зарурати азхудкунии донишҳои илмӣ, касбинтихобкунӣ ва ҷалби хонандагон ба корҳои илмӣ-эҷодӣ ва тадқиқотӣ фаъолият менамояд.

Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе

Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар шакли озмун баргузор гардида, наврасону ҷавонон барномаҳои инноватсионии худро муаррифӣ менамоянд ва ҷиҳати татбиқи онҳо пешниҳодоти мушаххаси худро баён мекунанд.

Намоишгоҳи дастовардҳои инноватсионӣ

Ҳамасола дар доираи маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” баргузории намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ, инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонон ба нақша гирифта мешавад.


Сомонаро боз карда, ба қисми "БАҚАЙДГИРӢ БА ФОРУМ" ва ё "БАҚАЙДГИРӢ БА ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ МУОСИР”" гузаред.

Вориди почтаи электронӣ GMAIL шавед.

Формаи бақайдгириро пур кунед.

Лоиҳаи худро замима кунед.

"Отправить" -ро пахш кунед.

Телефонҳо барои тамос: 227-89-67, 227-31-43, 50-117-49-22, 98-836-22-42
1.1. Конференсияи илмӣ- эҷодии хонандагони муассисаҳои тањсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (минбаъд Конференсия) мақоми олии Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, ҳар сол моҳи май дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
1.2. Мақомоти роҳбарикунанда ва идоракунандаи Конференсия Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мебошанд.
1.3. Мақомоти роҳбарикунандаи Конференсия дар ташкилу баргузории Конференсия, метавонад ҷамъиятҳои гуногуни илмӣ, Академияи хурди илмии назди Академияи илмҳои ҶТ, Форум ва Ҳафтаҳои илм, инноватсия ва ихтироъкорони ҷавонону наврасон ва ҳамчунин шахсони дигари ҳуқуқию воқеӣ, ки аҳдофи онҳо ба мақсаду мароми Конференсия созгор аст ва ташкилу баргузории кори Конференсияро дастгирӣ карда метавонанд, шарикони кори Конференсия эълон намояд.
Шакли пурраи низомнома