Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбe


Муфассал

«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» дар соли 2024 бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Соли равон сабти ном ҷиҳати иштирок ба Ҳафта тавассути низоми фосилавӣ баргузор карда мешавад.

Довталабон метавонанд худро дар ин сомона сабти ном карда, бо мақсади иштирок дар Ҳафта лоиҳаҳои инноватсиониву коммуникатсионӣ ва техникиву технологӣ, инчунин, корҳои навовариву ихтироъкории худро пешниҳод намояд.

Бақайдгирӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳо 14 майи соли 2024 ба анҷом мерасад.

РӮЗ

СОАТ

ДАҚИҚА

СОНИЯ

айни ҳол аз қайд гузаштанд 11 нафар хонандагони синфҳои 1-11 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (литсей, гимназия)-и шаҳри Душанбе

айни ҳол аз қайд гузаштанд 23 нафар хонандагони синфҳои 5-11 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (литсей, гимназия)-и шаҳри Душанбе

СОЛИ 2024 ФОРУМИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛОТИВУ КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР САМТҲОИ ЗЕРИН ЛОИҲАҲОРО ҚАБУЛ МЕНАМОЯД:



ҲАМАСОЛА ДАР ҲАФТАИ ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ, ИННОВАТСИЯ ВА ИХТИРОЪКОРИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ШУМОРАИ ЗИЁДИ ЛОИҲАҲО БА ҚАЙД ГИРИФТА МЕШАВАД,

аз ҷумла:


ИХТИРООТ

БАРНОМАҲОИ КОМПЮТЕРӢ

КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ

СОМОНАҲО

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИРО ДАР САМТҲОИ ЗЕРИН ҚАБУЛ МЕНАМОЯД:



Сомонаро боз карда, ба қисми “БАҚАЙДГИРӢ БА ФОРУМ” ва ё “БАҚАЙДГИРӢ БА “ОМӮЗГОРИ МУОСИР”” гузаред.

Вориди почтаи электронӣ GMAIL шавед.

Формаи бақайдгириро пур кунед.

Лоиҳаи худро замима кунед.

"Отправить" -ро пахш кунед.

Телефонҳо барои тамос: 227-89-67, 227-31-43, 50-117-49-22, 98-836-22-42.
1.1. Конференсияи илмӣ- эҷодии хонандагони муассисаҳои тањсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (минбаъд Конференсия) мақоми олии Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, ҳар сол моҳи май дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
1.2. Мақомоти роҳбарикунанда ва идоракунандаи Конференсия Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мебошанд.
1.3. Мақомоти роҳбарикунандаи Конференсия дар ташкилу баргузории Конференсия, метавонад ҷамъиятҳои гуногуни илмӣ, Академияи хурди илмии назди Академияи илмҳои ҶТ, Форум ва Ҳафтаҳои илм, инноватсия ва ихтироъкорони ҷавонону наврасон ва ҳамчунин шахсони дигари ҳуқуқию воқеӣ, ки аҳдофи онҳо ба мақсаду мароми Конференсия созгор аст ва ташкилу баргузории кори Конференсияро дастгирӣ карда метавонанд, шарикони кори Конференсия эълон намояд.
Шакли пурраи низомнома